35 years of independency
Дар Ҷайҳун нерӯгоҳи офтобии 250-мегаваттӣ бунёд мешавад
03.11.2026
Kamoliddin
63

Дар Ҷайҳун нерӯгоҳи офтобии 250-мегаваттӣ бунёд мешавад

Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон сохтмони нерӯгоҳи бузурги офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад.

Тавре дафтари матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад, лоиҳаи мазкур дар масоҳати 748 гектар амалӣ гардида, аз ду марҳила иборат аст.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи марҳилаи аввали сохтмон то имрӯз беш аз 95 фоизи корҳои бетонӣ дар ҳудуди зеристгоҳ ба анҷом расидаанд.

Интизор меравад, ки татбиқи лоиҳа ба афзоиши иқтидорҳои истеҳсоли нерӯи барқ дар кишвар ва истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия мусоидат кунад.

Нерӯгоҳи мазкур яке аз лоиҳаҳои бузурги соҳаи энергетикаи офтобӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД