Arzon march 2024
Дар бачагӣ “Қош” ном доштам...
11.09.2022
Mahina
1186

 

Рафаэл Гулов, ки аз ҷумлаи блогерони пешқадами кишвар ба шумор меравад, ин навбат дар доираи барномаи "Tojikbacha show" мусоҳибаи муфассалро бо рэпсароёни шинохта Сиёвуш Қурбонов (C.ONE) ва Андалебов Диловар (AD Dilovar) дар ҳаҷми наздик ба 50 дақиқа нашр намуд, ки доир ба рэпи тоҷикӣ, мушкилоти он ва ҳаёти худи рэпсароён гуфта мешавад.

Инак, саволи Рафаэл Гулов ва посухи Сиёвуш Қурбонов (C.one):

-Одатан соати чанд аз хоб мехезед?

-Як ду моҳ пеш меъёри дигар доштам. Соати 9-10 субҳ мехестам. Аммо ҳоло соати 9-10- и субҳ хоб мекунам.

-Сабаб дар чист? Кори зиёд, омода карданӣ рэпҳои нав ва ё ягон чизи дигар?

-Аз сабаби гармии ҳаво рӯзона кор кардан бисёр душвор аст, барои ҳамин кӯшиш мекунам, ки шабона рэпу маводҳои навро омода кунам.

-Треки "Қаландар-1" ва "Қаландар-2"-ро омода кардед ва тасмим доред, ки "Қаландар-3"-ро бароред, ин силсилатрекҳо чӣ маъно дорад? Қаландар ягон гадо аст?

-Аслан ин ба ҳамон мақоли "Як мавизро чил Қаландар хӯрдааст" рост мегирад ва ман гуфтан мехоҳам, ки "ту ба чил Қаландар расидӣ ва ман Қаландари чилу якумам, ки ба ман нарасидӣ". Аввалашро баровардем, бисёр талабгор баромаданд, дуюмашро омода кардем ва ба наздикӣ сеюмаш ҳам тайёр мешавад.

-Ин рэп аслан ба Меҳрноз бахшида шудааст?

-Бале, ба ӯ бахшида шудааст.

-Сиёвуш, трекҳои шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ то 3-4 млн тамошобин дорад, чаро то ҳол бузургон рэпро қабул накарданд ва ё чаро рэпсароёнро беодоб медонанд?

-Хаёл мекунам фикри мардум, хусусан, калонсолон ба рэп имрӯз тағйир ёфтааст. Мисол, мо дар шаҳри Бохтар ҳамроҳи Диловар ва Беҳрӯз барнома гузаронидем, дар он ҳатто модарони рӯймолдор, калонсолон бо писаронашон буданд. Мо ҳам кӯшиш мекунем, ки рэпҳое тайёр кунем, ки ҳирфаӣ бошанд. Имрӯз баъзеҳо моро ба тӯйҳояшон даъват мекунанд. Ҳарчанд ба бештари онҳо намеравем, вале маълум аст, ки тӯй бе калонсолон намегузарад ва агар онҳо розӣ набошанд, моро даъват намекунанд. Дар ҳақиқат ду-се нафар бо чунин услуб рэпсароӣ мекунанд, вале ман номҳояшонро намегӯям.

-Даромади имрӯзаи рэпсароён аз кадом ҳисоб аст?

-Пештар аз Ютуб буд, вале ҳоло не. Кӯшиш мекунем, ки бо баргузории консерту барномаҳо ҷойҳои холигиро пӯшонем.

-Гуфта метавонед, ки аз як консерт чӣ қадар маблағ ба даст меоред? Агар гуфтан нахоҳед, ман тахмин мегӯям: 10.000 сомонӣ?

-Бале.

-Шумо бештар якҷоя консерт мегузаронед, агар ягон нафар хоҳад, ки шуморо ба консерт даъват кунад, чӣ қадар ҳақ талаб мекунед?

-(механдад) Ба Шоҳрух занг зананд, ҳаммаашро мегӯяд.

-Агар метавонистед, кадом хислати мардумро иваз мекардед.

-Мехоҳам мардум ҳама чизи навро бубананд ва қабул кунанд. Нафароне, ки худ мухлис нестанд, дигаронро аз роҳ назананд.

-Дар даврони мактабхонӣ доир ба абрӯвонатон ягон нафар таҳқир ва ё ягон сухан намегуфт?

-Ин чизи маъмулӣ ҳаст. Ҳар нафареро бо ягон ҷузъиёти худаш масхара мекарданд. Бачаҳо "қош" мегуфтанду духтарон таърифам мекарданд.

-Падару модаратон ба корҳои эҷодии шумо чӣ гуна назар доранд?

-Онҳо аз аввал розӣ буданд. Сараввал камтар нуқсон дар овозам доштам, вале модарам маро дастгирӣ менамуд. Падарам ҳам ҳама корамро назорат мекунад. Кам-кам шеър ҳам менависанд ва дар баъзе ҳолатҳо маро ислоҳ мекунанд. Падарам маслиҳатчии хубам ҳастанд.

-Сиёвуш барои чӣ аз ҳамсаратон ҷудо шудед?

-Намехоҳам гӯям, вале кори эҷодиям сабаб шуд ва дар он худамро гунаҳкор меҳисобам. Намехоҳам касеро азоб диҳам, вале ҳунарманд бояд озод бошад, касе ба кори ӯ кор нагирад ва халал нарасонад. Ба хотири он ки корҳои эҷодиямро пеш барам, пас аз ҷудошавӣ то ҳол оиладор нашудам. Як писар дорам, номаш Шоҳимардон аст.

-Треки "Милледи"-ро барои кӣ хондаед?

-Инро дар ҷое нагуфтам ва акнун мегӯям. Дар трекҳоям бештар калимаҳои русӣ, испанӣ, итолёвӣ истифода мекунам. Як вақт ба сарам калимаи Милледи расиду онро зуд навиштам. Вақте чор мисраъ тайёр карда, ба Aizik нишон додам, таъриф карду гуфт, ки агар онро сароӣ ягон гап намешавад? Чӣ гап бояд шавад, пурсидам бо ҳайрат. Aizik гуфт, ки охир саҳифаи ҳамсарат дар Инстаграм бо ҳамин ном буд. Ҳамин тавр, аз хонданаш даст кашидам. Вақте дар Русия бо Стёпа (Худо раҳматаш кунад) барнома мегузаронидем, бояд пеш аз барнома як трек пахш мекардам. Ягон треки тайёр надоштам, барои ҳамин треки “Милледи”-ро сароидам.

 

 

Бо Полина ягон робита надоштам

Мусоҳибаи Рафаэл Гулов бо Диловар Андалебов:

-Дар барномаи Shazam - и тоҷикӣ аз ҳама сербинандатарин мусиқӣ рэпи "Давае, дафшае..." мебошад. Ин идея аз куҷо пайдо шуд ва чӣ хел омода гардид?

-Дар Русия ҳангоми таҳсил дар хобгоҳи умумӣ зиндагӣ мекардам. Як рӯз мусиқӣ монда, ҳамин сурудро эҷод кардаму сабти овоз намуда, дар инстаграм гузоштам. Тамошобинони зиёд пайдо кард ва бо ҳамин давомашро омода карда, сабт намудам. Ин рэпро ба пуррагӣ худам омода намудам.

-То ҷое огаҳӣ дорем, шумо узви гурӯҳи "Кинхаус" будед, ки ин гурӯҳи блогерон, бештар тиктокерон мебошад. Дар ин гуруҳ чӣ кор мекардед?

-Бале, ман аъзои ин гурӯҳ будаму ҳамчун мусиқачӣ фаъолият доштам. Худро дар блогерӣ санҷидам, вале фаҳмидам, ки ин кори ман нест, чунки аз камера метарсидам ё шароите, ки блогерон доштанд, дар мо муҳайё набуд. Аз баландгӯяк сар карда, то чизҳои хурд ба мо намерасид.

-Чанд муддат ҳамроҳи ин гурӯҳ будед?

-Панҷ моҳ ё зиёдтар.

-То ҷое огаҳем, шумо якчанд трекатонро ба гурӯҳи "Лейбл" пешниҳод кардед. Ин кор барои чӣ буд?

-Кор чунин шуд, мусиқие, ки дар рэпи "Давае..." истифода кардам, аз Ютуб буд ва ман ҳуқуқи муаллифӣ надоштам. Вақте ин трек 800 ҳазор тамошобин пайдо кард, муаллиф шикоят кард ва треки ман аз Ютуб пок шуд. Намояндагони гурӯҳи "Лейбл" бо ман ҳамсуҳбат шуданд ва гуфтанд, ки мо ҳуқуқи муаллифӣ мегирем ва трекро дубора барқарор месозем. Ҳамин тавр онҳо аз соҳиби мусиқӣ онро бо нархи 1000 евро харида, трекро дубора барқарор карданд.

-Шуморо ба тӯйҳо даъват мекунанд?

-Даъват мекунанд, вале мутаассифона ва ё хушбахтона намеравам.

-Шумо гуфтед, ки аввал дар оила аз фаъолияти ман огоҳ набуданд, вақте фаҳмиданд, чӣ гуна қабул карданд?

-Аввал падару модарам розӣ набуданд. Лекин ҷиддӣ намегуфтанд. Мегуфтанд аввал дарсҳоятро хуб хон. Ман ҳам руҳафтода намешудаму корамро давом медодам. Ҳоло волидонам розиянд.

-Хешу табор чӣ? Тағо, амак?

-Хешу табор ҳамаашон мухлиси мананд ва ҳар як мисраи трекҳоямро аз ёд медонанд.

-Шумо ҳоло дар Тоҷикистон бо падару модаратон ҳастед. Боз ба Русия рафтан мехоҳед?

-Ман бояд моҳи сентябр равам, чун донишҷӯ ҳастам.

-Дар кадом донишгоҳ таҳсил карда истодаед?

-Дар Донишгоҳи давлатии техникӣ-гумманитарии Русия.

-Оё баъди таҳсил аз рӯи ихтисос кор кардан мехоҳед, ё мисли бисёриҳо диплом гирифта, зери болишт мегузоред?

-Имрӯз бе диплом коре ҳал намешавад, ҳатто зангирӣ ҳам.

-Бисёриҳо дар поёни трекҳоятон савол медиҳанд, ки Диловар маҳбуба доред?

-Не, надорам.

-Ғамгин мешавед?

-Ғамгин шавам, ҳолати руҳиям хуб мешавад, вале кам ба чунин ҳолатҳо рӯ ба рӯ мешавам.

-Дар "Кинхаус" бо Полина чӣ робита доштед?

-Ман бо ӯ ҳеҷ робитае ба ғайр аз дӯстӣ надоштам. Бениҳоят духтари нағз буд. Дар бисёр корҳо маро роҳнамоӣ мекард.

-Агар ба ягон гурӯҳ даъват кунанд, меравед?

-Ҳеҷ вақт, ба ҳар қиммате, ки набошад, намеравам.

-Имрӯз оилаатон ба пули шумо ниёз доранд?

-Не, надоранд.

-Ҳангоми таҳсил маблағ аз куҷо пайдо мекардед?

-Аз соли 2019 вақте донишҷӯ шудам, кӯшиш мекунам, ки аз уҳдаи таъмини худам бароям. Кор мекардам, дар баробари ин ҳам таҳсил ва ҳам ба кори эҷодӣ машғул мешудам.

-Масалан чӣ корҳо?

-Дар ҳама ҷо кор кордаам. Аз шаурмапазиву магозачӣ то сохтмончӣ.

-Шиносоӣ бо Сиёвуш аз куҷо сар мешавад?

-Соли 2019 тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ шинос шудем ва то ҳол якҷоем, ӯ бисёр ба ман кӯмак намудааст.

-Шумо аудиторияи миллионнафара доред, вале чаро то ҳол ягон клип сабт накардед? Кор зиёд буд ё консертҳо монеа шуданд?

-Албатта бисёр кор мекунам, вале кӯшиш мекунам то Русия рафтанам як клипи беҳтарин омода созам.

-Дар зиндагӣ ба ягон ҳолати вазнин рӯ ба рӯ шудаед?

-Бале, як маротиба мошини як нафарро бе иҷозат гирифта, садама карда будам. Он замон 18-сола, донишҷӯ будам, шартномавӣ мехондаму худро таъмин мекардам. Дар як анбор кор карда, мошинро барқарор намудам.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД