toyota motors
Дар Бохтар пешгирии савдои кӯчагӣ тақвият меёбад
22.04.2026
Oila.tj
84

Дирӯз, 21-уми апрели соли 2026 дар доираи амалисозии амри раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод гурӯҳи махсуси корӣ ҷиҳати роҳандозии тадбирҳои муҳими назоратӣ ба фаъолияти худ оғоз намуд.

Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Бохтар, ҳадафи асосии фаъолияти гурӯҳ ба танзим даровардани тартиботи шаҳр, пешгирии савдои кӯчагӣ, ҳифзи манфиатҳои сокинон ва таъмини назорати он дар шаҳр мебошад.

Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби муовинони раиси шаҳр, намояндагони ШВКД дар шаҳри Бохтар, Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологӣ, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Идораи сохтмон ва роҳ, инчунин намояндагони васоити ахбори омма ташкил ёфтааст.

Зимни санҷиш аъзои гурӯҳ ҳолати савдои сарироҳӣ, мавҷудияти дӯконҳои муваққатӣ ва ғайриқонунӣ дар пиёдаравҳо, партовҳои беназорат, обравҳои ифлос ва вайроншавии қоидаҳои санитариро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар натиҷа, якчанд нуқтаҳои савдои худсарона барҳам дода шуда, соҳибкорон ба ҷойҳои муайяншудаи савдо роҳнамоӣ гардиданд.

Ҳамзамон, бо фурӯшандагон ва сокинони гирду атрофи бозор корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, зарурати риояи нархҳои муътадил, пешгирии болоравии беасоси арзиши маҳсулот ва пешниҳоди молҳои босифат таъкид гардид. Ҳамзамон ба масъалаи савдои кӯчагӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардида, ба соҳибкорон тавсия дода шуд, ки фаъолияти худро танҳо дар ҷойҳои барои савдо муайяншуда ба роҳ монанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД