goodwell
Дар Бонки «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» раиси нави Раёсат Михаэл Хоффманн таъин гардид
15.09.2026
Oila.tj
106

Аз 1-уми сентябри соли 2026 Михаэл Хоффманн ба вазифаи раиси Раёсати Бонки «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» таъин гардид.

Михаэл Хоффманн дорои таҷрибаи васеи байналмилалӣ дар соҳаи бонкдорӣ ва идоракунии корпоративӣ мебошад. Самтҳои асосии фаъолияти касбии ӯ маблағгузории корхонаҳои хурду миёна, идоракунии хавфҳо ва таҳкими иқтидори институтсионалии ташкилотҳои молиявӣ дар бозорҳои рӯ ба рушдро дар бар мегиранд.

Михаэл Хоффманн бо Бонки «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» солҳои зиёд робитаи касбӣ дорад. Дар солҳои 2021-2026 ӯ узви Шурои нозирони Бонк буд ва дар як давраи муайян вазифаи раиси Шурои нозиронро низ ба уҳда дошт. Ҳамзамон, ӯ Кумитаи идоракунии хавфҳоро дар назди Шурои нозирони Бонк роҳбарӣ мекард. Дар ин давра ӯ бо фаъолияти Бонк, афзалиятҳои стратегии он ва хусусиятҳои бозори молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносоии амиқ пайдо намуд.

Дар давоми фаъолияти касбии худ Михаэл Хоффманн Бонки AccessBank-ро дар Озарбойҷон роҳбарӣ намуда, инчунин дар Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ва сохторҳои бонкии Олмон ва Эстония вазифаҳои роҳбарикунандаро иҷро менамуд.

Раиси Шурои нозирони Бонки «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» Йоханнес Фейст чунин иброз дошт: «Михаэл БОНКИ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»-ро хуб мешиносад ва дорои таҷрибаи назарраси байналмилалӣ дар соҳаи бонкдорӣ мебошад. Мо итминон дорем, ки таҷриба ва дарки амиқи ӯ аз фаъолияти Бонк ба рушди минбаъдаи он саҳми муҳим хоҳад гузошт”.

Дар шумораи афзалиятҳои калидии Бонки «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» - таъмини рушди устувори фаъолияти Бонк, густариши хизматрасониҳои рақамӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои мизоҷон ва соҳибкорон мебошад.

Бонк рушди хизматрасониҳои муосири молиявиро идома дода, нақши худро ҳамчун шарики боэътимод барои соҳибкорон ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам таҳким хоҳад бахшид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД