toyota motors
Дар бораи Хуттали Қадим маҷмуаи илмӣ ба нашр расид
08.05.2026
Oila.tj
70

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Хуттали Қадим дар континуитети таърихию фарҳангии Осиёи Марказӣ ва ташаккули ҳувияти миллии халқи тоҷик» маҷмуаи илмӣ ба табъ расид.

Бино ба иттилои Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, маҷмуа аз муқаддима ва 7 қисми асосӣ иборат мебошад. Он таҳқиқи фарогир ва муназзами илмӣ дар омӯзиши таърих, фарҳанг ва тамаддуни Хуттал ба ҳисоб меравад.

Дар маҷмуа масъалаҳои бостоншиносӣ, антропология, давлатдорӣ, равандҳои сиёсию иқтисодӣ, забон ва катибашиносӣ, фарҳанги моддӣ ва маънавӣ, топонимӣ, санъат ва анъанаҳои мусиқӣ, инчунин сиккашиносӣ ва муомилоти пулӣ инъикос ёфтаанд.

Навгонии асосии маҷмуа аз он иборат аст, ки бори нахуст дар таърихнигории Тоҷикистон Хуттал дар заминаи мафҳуми континуитет ҳамчун раванди давомдори таърихӣ ва тамаддунӣ таҳлил карда шудааст. Ин равиши методологӣ имкон медиҳад, ки равандҳои антропологӣ, институтсионалӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ дар низоми ягона ва бо мантиқи дохилии худ фаҳмида шаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД