goodwell
Дар чанд кӯчаву маҳаллаи Душанбе имрӯз барқ муваққатан қатъ мешавад
26.08.2026
Oila.tj
66

Имрӯз, 26-уми август дар як қатор кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Душанбе нерӯи барқ муваққатан қатъ карда мешавад.

Ба иттилои намояндагии Шабакаҳои тақсимоти барқ дар пойтахт, қатъи барқ ба корҳои таъмиру профилактикӣ, аз ҷумла таъмири таҷҳизоту зеристгоҳҳои барқӣ ва тоза кардани шохаҳои дарахтон вобаста аст.

Тибқи ҷадвали пешниҳодшуда, маҳдудияти барқ аз соати 09:00 то 17:00 дар минтақаҳои зерин пешбинӣ шудааст:

Ноҳияи Фирдавсӣ: кӯчаҳои Крупский, Гулпарвар, Абая, Каринман, Восеъ, Шестопавлов ва Борбад, инчунин маҳаллаҳои Қаҳрамон ва Сомон.

Ноҳияи Сино: кӯчаҳои А. Навоӣ ва Қазоқон, инчунин маҳаллаҳои Испечак ва Бунёдкорон.

Ба гуфтаи масъулини соҳа, баъди анҷоми корҳои таъмирӣ интизор меравад, ки таъминоти барқ дар ин минтақаҳо барқарор карда шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД