goodwell
Дар чанд маҳаллаи Душанбе имрӯз барқ қатъ мешавад
24.09.2026
Oila.tj
72

Имрӯз, 24-уми сентябр бо сабаби анҷоми корҳои таъмиру тармим дар чанд кӯчаву маҳаллаи шаҳри Душанбе нерӯи барқ муваққатан қатъ карда мешавад.

Тибқи иттилои намояндагии «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар пойтахт, маҳдудиятҳо ба хотири омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон амалӣ мешаванд.

Аз ҷумла, дар ноҳияи И. Сомонӣ барқ дар хиёбони Рӯдакӣ 108-110, кӯчаи Ғанӣ Абдулло ва маҳаллаҳои Нодира, А. Мухтор ва Хуҷанбиёи боло қатъ мешавад.

Дар ноҳияи Шоҳмансур маҳдудият кӯчаҳои А. Дониш, Айнӣ, Асирӣ, Шодӣ, Назаршоев, Зебуниссо ва маҳаллаҳои Қаротегин, Чиноро ва Ховаронро дар бар мегирад.

Дар ноҳияи Сино бошад, кӯчаҳои А. Навоӣ, Н. Махсум ва маҳаллаҳои Арбобхотун, Чортеппа ва Ҷӯйбодом ба рӯйхати минтақаҳои дорои маҳдудияти барқ шомил шудаанд.

Мақомот таъкид мекунанд, ки қатъи нерӯи барқ муваққатӣ буда, ба корҳои таъмиру омодагӣ ба мавсими сармо вобаста аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД