Commerce bank may-june 2026
Дар Душанбе қариб 100 истгоҳи базавии интернети насли 5G насб шудааст
24.07.2026
Оила
33

Дар Душанбе қариб 100 истгоҳи базавии интернети насли 5G насб шудааст

Дар шаҳри Душанбе қариб 100 истгоҳи базавии интернети насли 5G насб шудааст. Дар ин бора раиси Хадамоти алоқа Исфандиёри Саъдулло зимни нишасти матбуотӣ маълумот дода гуфтааст:

“Айни замон дар Тоҷикистон 131 истгоҳи базавии интернети насли 5G насб шуда, мавриди истифода қарор доранд.   Аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 97, Хуҷанд 24, Бохтар 5, Кӯлоб 3, Роғун 1 ва Хоруғ 1 адад истгоҳи 5G мавҷуд аст.
 Ба гуфтаи сарвари Хадамоти алоқа насби пойгоҳҳои базавии стандарти 5G дар 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки операторони алоқаи мобилӣ идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки моҳи январи соли равон сардори хадамоти алоқа ваъда дода буд, ки то соли 2030 Тоҷикистон пурра ба интернети 5G мегузарад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД