arzon replenishment
ДАР ДУШАНБЕ БОЗ ЯК ПЕДОФИЛ БА ДАСТ АФТИД!
5042

Таҷовузи кӯдакони ноболиғ падидаи нангинест, ки вақтҳои охир дар кишвари мо тез-тез ба вуқуъ мепайвандад. Инак, боз як ҳодисаи даҳшатангези таҷовуз ба номуси атфол ошкор гардид...

Суди шаҳри Душанбе рӯзи 15-сентябр Исанов Турғунҷон Жураевичро барои таҷовуз ба номуси ду ноболиғ бо моддаҳои 138 қисми 3 банди “а” ва 139 қисми 4 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳабси якумра маҳкум кард.

Ин марди худобехабар чанд маротиба бо роҳи зӯрӣ ба номуси фарзандони ҳамсараш Зарина Файзуллоеро дастдарозӣ намудааст. Зарина соли 2016 аз шавҳари якумаш бо ду кӯдак ҷудо шуда, бо никоҳи мусулмонӣ риштаи тақдирашро бо Исанов пайвастааст.

Ин ҷавонзани аз бахт наосуду умед дошт, ки шавҳари дуюмаш ба фарзандонаш меҳри падарӣ мебахшад, аммо...

Ба ҷойи кӯдакони аз навозиши падар дурмондаро зери қаноти худ гирифтан , ин марди шайтонсират аз моҳи августи соли 2018 то охир моҳи ноябри соли 2019 духтарчаи 10-солаи Заринаро чанд маротиба бо роҳи зӯрӣ таҷовуз намудааст.

Падарандари ваҳшитабиат бо ин ҳам қонеъ нагашта, ба писарчаи 9-солаи занаш чашм ало мекунад. Ин марди шайтонсират моҳи майи соли 2020 кӯдакро маҷбур кардааст, ки ба маъқадаш равған бимолад, баъдан ба номуси писарак зӯран таҷовуз намудааст.

Суд ба ин падарандари сангдил ҷазои сазовор дода, Исанов Турғунҷон Жураевичро ба ҳабси якумра маҳкум кард. Акнун педофил то лаҳзаи охирини ҳаёташ сазои амали ҷоҳилонаи худро хоҳад чашид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД