Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ҳолати машғул шудан ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду бо мақсади ба даст овардани маблағро ошкор кардаанд.
Зимни санҷиш муайян шудааст, ки шаҳрвандон Дилшода Каримова, соли таваллудаш 1963, сокини маҳаллаи Чортут ва Марям Усманова, сокини 69-солаи ноҳияи Рӯдакӣ дар манзилҳои истиқоматии худ ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ машғул буда, аз ин ҳисоб даромад ба даст меовардаанд. Нисбати онҳо тибқи моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, бо қарорҳои суд ҳар кадом ба 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима шудаанд. Ҳамчунин, онҳо ба иҷрои корҳои манфиатноки ҷамъиятӣ ва корҳои тозакунӣ ҷалб гардидаанд.
Мақомоти корҳои дохилӣ аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки аз муроҷиат ба фолбинон ва шахсоне, ки бо роҳи фиребу хурофот маблағ ба даст меоранд, худдорӣ намоянд.