Commerce bank may-june 2026
Дар Душанбе мактаби минтақавии ТУТ ифтитоҳ гардид
21.07.2026
Oila.tj
123

Санаи 20-уми июли соли равон дар шаҳри Душанбе маросими нашри махсуси Мактаби минтақавии аврупоии ТУТ (Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ) оид ба сифати нигоҳубин ва бехатарии беморон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, намояндагони ТУТ ва доираи васеи мутахассисони соҳа ширкат варзиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, ин нашри махсус барои давлатҳои Осиёи Марказӣ роҳбарон ва мутахассисони соҳаи тандурустиро барои беҳтар кардани сифати нигоҳубин, тақвияти бехатарии беморон ва татбиқи равишҳои асоснок муттаҳид мекунад.

Зикр мегардад, ки Дафтари минтақавии ТУТ барои Аврупо тавассути Дафтари худ оид ба сифати нигоҳубин ва бехатарии беморон дар Афина, Мактаби минтақавии аврупоии ТУТ оид ба сифати нигоҳубин ва бехатарии беморон нашри махсус барои Осиёи Марказиро ифтитоҳ намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД