toyota motors
Дар Душанбе мусобиқаи даври интихобии шатранҷ оғоз шуд
67

Дар шаҳри Душанбе байни мардону занон мусобиқаи даври интихобии шатранҷ оғоз шуд. Аз рӯйи натиҷаҳо номзадҳо барои иштирок дар Олимпиадаи шатранҷ-2026 муайян карда мешаванд.

Дар мусобиқаи мазкур байни мардон дар шаҳри Душанбе Ҷамшед Исоев, Муҳаммадхӯҷа Ҳусейнхоҷаев ва Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев, инчунин устодони байналмилалӣ Қубод Мақсудшоев, қаҳрамони Душанбе дар соли 2026, Аҳмад Афзалзода, ноиб-қаҳрамони Душанбе дар соли 2026 ва Пайрав Қодирӣ, шатранҷбозӣ ҷавони 14-сола иштирок хоҳанд кард. Байни занон Шукрона Масҳабова, Шоҳсанам Ҷумъаева, Ёсамин Хоҷаева, Нозанин Маҳмудова, Амина Масҳабова ва Закиябону Муминова сари мизи бозӣ менишинанд.

Мусобиқаи асосии чунин бозии ҷаҳонӣ дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон аз 15 то 27-уми сентябри соли равон таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии шатранҷ (FIDE) баргузор хоҳад шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД