Commerc banl
Дар Фархор 47 нафарро аз ташхиси рентгении ройгон гузарониданд
23.02.2026
Oila.tj
91

Имрӯз, 23-юми феврали соли 2026 мутахассисони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Фархор дар Муассисаи саломатии деҳотии Ғайрат, ҷамоати Хуросон дар ҳамкорӣ бо намояндагони барномаи «Боздошти сил» 47 нафар сокинонро аз ташхиси рентгении ройгон гузаронидаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, зимни чорабинӣ ба шаҳрвандон оид ба роҳҳои пешгирӣ, ошкорсозии барвақт ва табобати саривақтии бемории сил тавсия ва машваратҳои муфассал дода шудааст. Қайд гардидааст, ки ташхиси барвақт ва муроҷиати саривақтӣ ба муассисаҳои тиббӣ омили асосии пешгирии паҳншавии ин беморӣ мебошад.

Ҳамзамон, мутахассисон дар ҷамоатҳои Шаҳрак, Дарқад ва Гулшан тариқи усули “хона ба хона” корҳои оммафаҳмонӣ гузаронидаанд. Дар рафти суҳбату машваратҳо ба аҳолӣ оид ба пешгирии бемориҳои ВНМО, фишорбаландӣ, диабети қанд ва пешгирии зӯроварӣ дар оила маълумоти зарурӣ пешниҳод намудаанд.

- Баргузории чунин чорабиниҳо ба баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ва таҳкими тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД