goodwell
Дар Ҳисор як мошин ба канал афтида 2 нафар ҷони худро аз даст додаанд
20.07.2026
Оила
80

Дар Ҳисор як мошин ба канал афтида

2 нафар ҷони худро аз даст додаанд

Дар шаҳри Ҳисор ду нафар бар асари садамаи нақлиётӣ ҷони худро аз даст доданд. Дар ин бора Вазорати умури дохилии кишвар хабар додааст.

Бино бар иттилоъи манбаъ, ин ҳодисаи нохуш рӯзи 19-уми июл дар кӯчаи С. Раҷабови шаҳри Ҳисор рӯй дода, Дилноза Бойматова, сокини 32-солаи шаҳри Турсунзода ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти Ҳисор, аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадааст. Дар натиҷа,  мошин ба панҷараҳои муҳофизатии пули болои канали обгузари “Ҳисор” бархӯрда, ба канал сарозер шудааст. Дар пайи ин ҳодисаи нохуш худи Дилноза Бойматова ва мусофири дар мошинаш буда Фахриддин Воҳидови 37-сола, ки сокини шаҳри Душанбе будааст, ҷони худро аз даст додаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД