Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки кормандони милитсияи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар идомаи мубориза зидди хурофотпарастӣ ва нафароне, ки ба сеҳру ҷоду, фолбинӣ ва гарму хунуккунӣ машғуланд, як қатор амалиёти санҷишӣ гузаронида, боз 9 ҳолати мардумфиребии ин ашхосро дар шаҳри Норак, ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷ. Балхӣ, Хуросон, Ёвон ва Темурмалик ошкор кардаанд.
Онҳо Қарақулова Холбибӣ Бобоқуловна, соли таваллудаш 1974, сокини деҳаи Кӯҳдомани ноҳияи Дӯстӣ, Эшонова Комила Сафаровна, соли тавуаллудаш 1976, сокини деҳаи Вахши ноҳияи Дӯстӣ, Ҳайдарова Абод Абдуллоевна, соли таваллудаш 1950, сокини деҳоти Т. Исақулови ноҳияи Ҷ. Балхӣ, Садиев Баҳруддин Умарович, соли таваллудаш 1971, сокини деҳаи Пахтакори ноҳияи Ёвон, Насруллоев Саидасрор Темирович, соли тавллудаш 1977, сокини деҳаи Қамбари ноҳияи Ёвон, Бобоев Раҳматулло Саидшоевич, соли таваллудаш 1960, зодаи ноҳияи Кӯшониён, муваққатан истиқомакунандаи деҳаи Сумбулаи ноҳияи Хуросон, Маҳмудов Раҳматулло Ибодуллоевич, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Норак, Маҳмудов Саидашрафиддин Суҳробович, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Норак, Лақаев Саидалло Сайдаҳмадович, соли таваллудаш 1952, сокини деҳоти Гурдоварони ноҳияи Темурмалик мебошанд.
Гуфта мешавад, ки нисбати нафарони дар боло зикргардида тибқи талаботи моддаи 482, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба мақомоти суд ирсол ва ҳар яке ҷаримабандӣ карда шудаанд.