goodwell
Дар Хатлон то охири сол 155 муассисаи нави таълимӣ сохта мешавад
11.09.2026
Oila.tj
45

Дар вилояти Хатлон то охири соли 2026 тибқи нақша 155 муассисаи нави таълимӣ сохта ба истифода дода мешавад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ додаанд.

Гуфта мешавад, ки дар маҷмуъ соли 2026 дар вилояти Хатлон 210 муассисаи таълимӣ бо 54 ҳазору 674 ҷойи нишаст дар як баст сохта мешавад. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аллакай 55 муассисаи таълимӣ сохта шуда, то 1-уми январи соли 2027 дар вилоят боз 155 муассисаи дигар ба истифода дода мешавад.

“Ин иқдом барои фароҳам овардани шароити беҳтари таълим, зиёд намудани ҷойи нишаст ва коҳиш додани мушкилот вобаста ба норасоии ҷой дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят заминаи мусоид фароҳам меорад”,- омадааст дар хабар.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД