Formula september
Дар хоб занатро талоқ диҳӣ, қабул мешавад?
905

Хоби нохуше дидам. Дар хобам бо занам сахт ҷангу ҷанҷол шудем ва ман дар сари қаҳр ӯро талоқ додам. Тарсида бедор шудам. Ин хобамро ба касе нагуфтаам, ҳатто ба ҳамсарам, вале аз ҳамон рӯз орому қарор надорам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед.

М., хонандаи Оila.tj

Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Дар масъалаи хоби дидаатон ташвиш накашед. Зарурати дубора никоҳ кардан нест, зеро мард дар хобаш ҳамсарашро талоқ диҳад, занаш талоқ намешавад, чунки одами хоб дар ихтиёри худаш нест ва чӣ кор кардану чӣ гуфтанашро тамоман намефаҳмад. Ҳар чизе, ки одам дар хоб мегӯяд, эътибор надорад. Аз назари шаръӣ гуфтаи се тоифа беэътимод ҳисобида мешавад ва дар китоби аъмоли онҳо ҳамчун гуноҳ китобат карда намешавад. Якум шахси дар хоб буда, дуюм девона ва сеюм кӯдак.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД