sebiston july new
Дар Ховалинг хонандагони синфи 11 муаллимҳоро латукӯб кардаанд
480

Дар Ховалинг ду хонандаи синфи 11 директори мактаб ва яке аз муаллимаҳоро латукӯб кардаанд. Дар ин бора “Пайк” хабар додааст.

“Тайи як моҳи ахир ду омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Ховалинг аз бегона не, балки аз ҷониби хонандагони худи ҳамин муассиса мавриди латукӯб қарор гирифтанд. Аввалҳои моҳи апрели соли ҷорӣ хонандаи синфи 11 “а”-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ҷамоати Мирзо Ғаффори ноҳияи Ховалинг Муродзода Муҳаммад зимни як муноқиша директори мактаби мазкур Аловуддинро латукӯб кардааст. Дар натиҷаи ин латукӯб директор ҷароҳат бардоштааст”,- навиштааст манбаъ.

Тақрибан пас аз як моҳи ин ҳодиса, санаи 24-уми май хонандаи дигари ҳамин мактаб Самадов Султоншоҳ муаллимаи синфҳои ибтидоӣ Давлатова Гавҳарбиро зада, як гӯшвораашро дар гӯшаш шикастааст.

Тавре Тағоймурод Холов, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ховалинг дар суҳбат бо журналистон гуфтааст, “дар ҳақиқат ин ду ҳодисаи нангин дар МТМУ №5-и ноҳия ҷой доранд. Сабаби аз ҷониби хонандагон латукӯб шудани омӯзгоронро намедонам. Нисбати ҳодисаи дуюмӣ чораандешӣ шуда, хонанда Самадов Султоншоҳ аз мактаб хориҷ карда шуд. Нисбати ҳодисаи аввалӣ бошад, бояд бигӯям, ки ин кирдор дар назди шӯрои маориф баррасӣ шуда, чораҳои зарурӣ андешида мешаванд”.

Ба ҷойи он ки ин хонандагон, ки ҳарду хатмкунандаанд, дуои устодонро гиранду аз хатоҳои худ давоми ёздаҳ сол узр пурсанд, баръакс, даст ба рӯи омӯзгорон бардошта, онҳоро озор додаанд.

Шумо нисбати ин ҳодисаҳо чӣ назар доред? Андешаҳои худро дар шарҳи мавод нависед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД