toyota motors
Дар Хуҷанд зани 30-соларо барои авбошӣ дар маркази дилхушӣ боздошт карданд
204

Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ як сокини ноҳияи Зафарободро бо гумони авбошӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳолати мастӣ боздошт кардаанд.

Ба иттилои мақомот, Ҷабборова Н. И., соли таваллудаш 1995, дар дохили маркази дилхушии «Румӣ» («4 плюс»), воқеъ дар маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудааст.

Вобаста ба ин ҳодиса нисбати номбурда бо қисми 2-и моддаи 237-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД