Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар якҷоягӣ бо раиси ноҳия Холзода Муҳамадшариф аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар деҳаи Сариҳавзи ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳия дидан намудаанд.
Гуфта мешавад, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, соҳибкорон ва корхонаву ташкилотҳо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ шабонарӯзӣ бомаром рафта истода, камбудиҳо дар ин самт бартараф гардида истодаанд. Вобаста ба рафти корҳо Ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шудааст.
Намояндаи Ҳукумати кишвар, вазири маориф ва илм вобаста ба бо сифати баланд анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва бартараф намудани оқибатҳои шусташавии соҳили дарё дар маҳали аҳолинишин дастуру супоришҳои мушаххас додааст.