Хигиеника
Дар мағозаҳои Украина хлеб нест! Нигаронии муҳоҷирони тоҷик аз вазъи ин кишвар
2028


Муҳоҷироне, ки айни ҳол дар Украина қарор доранд, тавассути видеопаёмакҳои худ аз вазъи кунунии Украина хабар медиҳанд. Наворҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки шаҳр аз одамон холӣ буда, дар нуқтаҳои сузишворӣ ронандаҳо дар навбатпоии тӯлонӣ қарор доранд.

Исматулло Сафаров, муҳоҷири тоҷик дар як навор мегӯяд аз дишаб вазъи Украина ноаромтар гаштааст. Наздики соатҳои чори субҳ бонги хатар эълон карда, аз мутташаниҷ гаштани авзоъ хабар доданад. Танбашавии мошинҳо дар вилоятҳои назди марзӣ, навбатпои дар бонкаматҳо, маҳкам будани мағза ва супремаркетҳои бузург аз хеле сахт будани авзоъ дарак медиҳанд. Боғча, мактаб ва донишгоҳҳо аз фаъолият бозмондаанд. Метро кушода ва ройгон аст, то дар вақти таркиш ва дигар ҳолатҳои ногувор мардум паноҳ бурда тавонанд. Садои таркиш аз гӯшаҳи гуногуни Украина ба гӯш мерасад, як соат пеш низ садои таркиш шунида шуд.


Сафаралӣ Саидов, муҳоҷири дигари дар Украина буда аз вазъи ин кишвар сӯҳбат карда мегӯяд, дар мағзаҳо нон нест ва мардум аз тарси ҷони худ ба берун баромада наметавонанд. Барои харид кардан ҳамагӣ 3-4 рӯз муҳлат додаанд, вале дар мағозаҳо аллакай чизе намондааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД