goodwell
Дар ноҳияи Айнӣ сохтмони меҳмонхонаи нав оғоз гардид
21.04.2026
Oila.tj
24

 

Бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар деҳаи Айнии ноҳияи Айнӣ ба бунёди меҳмонхонаи замонавӣ санги асос гузошта шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, иншооти мазкур бо ташаббуси соҳибкори ватандӯст Зинҳорбек Исрофилов сохта шуда, барои қабули зиёда аз 70 нафар дар як вақт пешбинӣ гардидааст. Дар шафати он ҳавзи шиноварии пӯшида бунёд гардида, барои истифодаи меҳмонон ва сокинони маҳаллӣ хизмат мерасонад. Мавқеи ҷойгиршавии меҳмонхона дар канори шоҳроҳи байналмилалӣ метавонад ба рушди соҳаи сайёҳӣ такони ҷиддӣ бахшад.

Зикр мегардад, ки ноҳияи Айнӣ дорои имкониятҳои фаровони сайёҳӣ буда, бо татбиқи чунин лоиҳаҳо табиати нотакрор ва ҳунарҳои мардумии минтақа ба таври шоиста муаррифӣ карда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД