goodwell
Дар ноҳияи Рӯдакӣ як хона аз деги хӯрок оташ гирифтааст
254

Дар як бинои даҳошёнаи шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ бо сабаби фаромӯш кардани деги хӯрок дар болои плитаи барқӣ сӯхтор сар зада, ба оилаи Зулфия Аёмбекова зиёда аз 36 ҳазор сомонӣ зарар расидааст.

Гуфта мешавад, ки духтари соҳибхона деги пур аз хӯрокро дар рӯйи тафдони барқӣ гузошта, фаромӯш кардааст ва дар натиҷа соати 16:00 дар ошёнаи 6-уми бинои 10-ошёна сӯхтор сар зада, алангаи оташ 20 метри мурраббаъ, аз ҷумла ошхона ва ҳуҷраи хобро фаро гирифтааст.

Сӯхторхомӯшкунандагон дар бадали як соат сӯхторро хомӯш карда, хатари паҳншавии оташро ба манзили дигар сокинони бино пешгирӣ намудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД