sebiston july new
Дар оилаи Ёровҳо ғам болои ғам омад
658

Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб дар ҷое, ки чанд рӯз қабл воситаи нақлиёти тамғаи “Дулан” боиси марги 11 нафару захмӣ шудани чанди дигар шуда буд, боз садама рух дод.

Ин навбат худрави мутааллиқ ба ширкати таксии “1010” бо суръати баланд омада, дар гузаргоҳи назди хонаи сокиноне, ки манзилашон қаблан дар фоҷиаи вазнини шоми 6 август чаппа шуда буд, кӯдаки ноболиғро зер кард.

Ҳодисаи мазкурро як узви оилаи Ёровҳо тасдиқ карда гуфт, ӯ фарзанди яке аз хешовандони афроди фавтида аст, ки барои таъзияхонӣ омада буданд.

“Вақте ки кӯдак ба берун баромадааст, мошин тез меомад. Дар назди пешеход ӯро задааст”, - гуфт ҳамсуҳбати Oila.tj.

Ӯ гуфт, вазъи саломатии кӯдак на он қадар вазнин буда, айни ҳол дар Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб қарор дорад. Табибон аллакай ба кӯмак шитофта, ӯро аз муоина гузаронидаанд.

Манбаи мо гуфт, шахсият кӯдакро дуруст намешиносад ва танҳо огоҳ аст, ки ӯ фарзанди яке аз хешовандони хонаводаашон буда, барои таъзия омадаанд ва ҷузъиёти бештар надод.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 6-уми августи соли равон воситаи нақлиёти “Дулан” дар шаҳри Кӯлоб бо суръати баланд омад ва вақте тормозҳояш аз кор монданд, ба хонаи сокинон зада даромад.

Аз хонаводаи Ёровҳо дар ин ҳодиса 4 нафар фавтида, чанд тани дигар ҷароҳат бардошта буданд. Рӯзе қабл аз ин садама дар ин хонавода тӯйи арӯсӣ буд ва хушбахтона, домоду арӯс сиҳату саломатанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Сайф 2023-08-10, 20:55
Э рохро хозир хам назорат намекунанд. Чи тари гапай? То Кай дар ин рох одамхо туьмаи наклиет мешаванд? Хукумат кучоро нигох дорад?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Сайф 2023-08-10, 20:55
Э рохро хозир хам назорат намекунанд. Чи тари гапай? То Кай дар ин рох одамхо туьмаи наклиет мешаванд? Хукумат кучоро нигох дорад?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД