sebiston july new
Дар рӯзи мурда сару либос шӯстан ҷоиз аст?
2186

 

Ёд дорам, ки пештар калонсолон дар рӯзи мурда оббозӣ кардан, сар шустан, либос шустанро иҷозат намедоданд. Мегуфтанд, ки агар инсон дидаву дониста дар рӯзи мурда мағзоба кунад, ба ғазаби Худо гирифтор шуда, аз дунё бе кафан меравад. Мехоҳам донам, ки ин гуфтаҳо асоси динӣ доранд ё не? Аксаран ҳолатҳое мешаванд, ки ҷомашӯӣ намудан ё сар шустан зарур аст, дар ин ҳолат чӣ бояд кард?
Замира Пирова, ш. Роғун

Посухи намояндаи Раёсати фатвои Ҷумҳурӣ ба суоли хонандаи сомонаи Оила.ТҶ

Хоҳари азиз, ба чунин гапҳои бе асос дода нашавед. Оббозӣ кардан, сар шустан, ҷомашӯӣ намудан, умуман ҳар коре, ки бо тозагӣ алоқаманд аст, аз назари ислом гуноҳ нест. Пештар одамон аз дини мубини ислом пурра бохабар набуданд, аз ҳамин хотир, донистаю надониста ҳар чи ки аз куҷое шунида бошанд, ҳамонро гуфтан мегирифтанд. Мурда бо ҷомашӯӣ ва оббозии дигарон кор надорад, шумо метавонед дар рӯзи ҷаноза ҳам бемалол кору бори худро ба сомон бирасонед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД