Дар Мактаби бачагонаи санъати ба номи Одина Ҳошим пагоҳ, 18-уми апрел, соати 14:00 бахшида ба “Рӯзи пойтахт” барномаи фарҳангӣ ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунҳои шаҳрӣ дар соҳаи маориф ва тандурустӣ баргузор мегардад.
Бино ба иттилои Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, зимни ин чорабинӣ дар вазъияти тантанавӣ ғолибони озмунҳои «Беморхонаи сол», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол», «Табиби сол», «Табиби оилавии сол», «Корманди миёнаи тиби сол», «Мураббии сол», «Омӯзгори сол», «Хонандаи сол» ва «Гирандагони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе» бо мукофотҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешаванд.
Хотиррасон менамоем, ки бахшида ба “Рӯзи пойтахт” дар чор ноҳияи шаҳр, бахусус дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе базмҳои идона, ҳамоишу ҷамъомад ва дигар барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ баргузор гардида, дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр шиору овезаҳои гуногун дар васфи пойтахт насб карда мешаванд.
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1-уми марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад. Имсол ин ид ба 18-уми апрел рост меояд.