arzon replenishment
Дар сари қабр санг гузоштан гуноҳ аст?
11.03.2022
Оила
3406

Дар мавзӯи санги сари қабр андешаҳо зиёд аст. Яке мегӯянд, ки аз назари ислм ин кор раво нест ва касе, ки дар сари гӯри наздиконаш санг мегузорад, гунаҳкор мешавад, дигарӣ бар он назар аст, ки гузоштани санг боке надорад. Аз ҳаимн хотир ба шуом муроҷиат намудам, то фаҳмам, ки дар сари қабр санг гузоштан ҷоиз ҳаст ё не?
Абдуҳамид Розиқов, н. Вахш

Посухи домулло Ҷамолиддини Хомӯш
Бародари азиз, санг гузоштан дар сари манзил аз дидгоҳи фиқҳи ҳанафӣ дуруст аст. Дар китоби «Ал-фиқҳу-л-исломӣ ва адиллатуҳу» роҷеъ ба китобати болои қабр чунин овардааст: «Агар эҳтиёҷ пайдо шавад, навиштан дар болои қабр боке надорад, то ки асари қабр нест нагардад ва нисбати он иҳонат нашавад. Абӯдовуд ривоят кардааст, ки Пайғамбар (с) сангеро бардошта назди сари Усмон ибни Мазъун (р) гузошт ва гуфт: «Ба ҳамин санг қабри бародарамро мешиносам ва ҳар касеро, ки аз хонаводаам вафот кунад, дар назди ӯ дафн мекунам». («Ал-фиқҳу-л-исломӣваадиллатуҳу», ҷ. 2, с. 1553).

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД