arzon replenishment
Дар сари қабри мусалмон санги суратдор гузоштан убол аст?
08.04.2022
ОИЛА
1082


Чанде пеш шавҳарам аз дунё гузашт ва ману фарзандонам ният крадем, ки дар сари гӯраш санг гузорем.

Аллакай расми шавҳарам ва байтҳои мувофиқро низ ба дасти сангтарошон додаем, вале додаршӯям “дар сари қабри одами мусалмон санг, махсусан санг бо сурати маин гузоштан убол аст” гӯён, иҷозати ин корро надода истдааст. Мехоҳам донам, ки ин гуфтаҳо ягон асс доранд ё не?
Гулхумор аз ш. Душанбе

Посухи домулло Ҷамолиддини Хомӯш

Хоҳари азиз, санг гузоштан дар сари манзил аз дидгоҳи фиқҳи ҳанафӣ дуруст аст, вале беҳтараш танҳо номи маитро дар санг навишта аксашро ҳакккӣ накунед.

Дар китоби «Ал-фиқҳу-л-исломӣ ва адиллатуҳу» роҷеъ ба китобати болои қабр чунин овардааст: «Агар эҳтиёҷ пайдо шавад, навиштан дар болои қабр боке надорад, то ки асари қабр нест нагардад ва нисбати он иҳонат нашавад. Абӯдовуд ривоят кардааст, ки Пайғамбар (с) сангеро бардошта назди сари Усмон ибни Мазъун (р) гузошт ва гуфт: «Ба ҳамин санг қабри бародарамро мешиносам ва ҳар касеро, ки аз хонаводаам вафот кунад, дар назди ӯ дафн мекунам». («Ал-фиқҳу-л-исломӣ ва адиллатуҳу», ҷ. 2, с. 1553).

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД