toyota motors
Дар шаҳри Бохтар E - khonish роҳандозӣ мегардад
14.04.2026
Oila.tj
31

Дар шаҳри Бохтар - маркази маъмурии вилояти Хатлон барномаи E - khonish муаррифӣ ва ифтитоҳ гардид. Амалишавии барномаи мавриди назар барои рушди соҳаи маориф ва гузариши пурра ба технологияи муосири таълимӣ мусоидат мекунад.

Дар маросими ифтитоҳи барномаи E - khonish Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ва дигар раисони шаҳру ноҳияҳо иштирок карданд. Ҳамчунин, масъулин бо шароити фароҳамгардида ва имконияту бартариҳои барномаи E - khonish шинос гардиданд.

Гуфта мешавад, ки чанд соли охир дар муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар шароити таълим ба таври назаррас беҳтар гардидаст ва бо рақамикунонии ин соҳаи муҳиму афзалиятнок, умед аст, минбаъд низ дастовардҳо зиёд мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД