Commerc banl
Дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар барномаи фарҳангӣ доир гашт
84

Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бахшида ба Рӯзи Модар дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.

Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни ҳамоиш иброз дошт, ки дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди Ҳукумати мамлакат нисбат ба занону модарон ва далели равшани дар даврони Истиқлоли давлатӣ ба мақому манзалати хоса соҳиб гаштани онҳо мебошад. Бо назардошти он, ки занону модарон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат нақши бисёр арзишманду муассир доранд, давлат ва Ҳукумати мамлакат масъалаи таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро дар маркази сиёсати худ қарор додааст.

«Маҳз бо ташаббус ва ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занони мо тавонистанд, ки дар тамоми соҳаҳои мухталифи ҷомеа фаъолият намоянд. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар оила вобаста бошад, пас ободии ҳар хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии зан - модар вобаста аст»,- изҳор гардид зимни ҳамоиш.

Таъкид шуд, ки модари тоҷик давоми тамоми таърих тарбиятгари фарзандони нобиғаю хирадманд, солеҳу поктинат, бофазлу соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар ва ҳунарманду созанда буда, ин рисолати муқаддаси худро имрӯз низ бо иффату шараф идома мебахшад.

Дар ҷараёни ҳамоиш бо иштироки ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ доир гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД