goodwell
Дар шаҳри Душанбе насби чароғакҳои ҳушманд оғоз ёфт
23.04.2026
Oila.tj
100

Дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ, ҷиҳати мутобиқсозии инфрасохтори роҳу нақлиёт ба стандартҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи бехатарии ҳаракат дар роҳ, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)» ба насби чароғакҳои наву замонавӣ оғоз намуданд.

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, иқдоми мазкур ба беҳтарсозии низоми идоракунии ҳаракати нақлиёт равона гардида, марҳила ба марҳила дар кӯчаю хиёбонҳои пойтахт тамоми чароғакҳо пурра таҷдид ва бо таҷҳизоти муосири «ҳушманд» иваз карда мешаванд.

Чароғакҳои ҳушманд дорои низоми автоматикунонидашуда буда, вобаста ба зиёд ё кам шудани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт фаъолияти худро ба таври худкор танзим менамоянд. Ин имконият фароҳам меорад, ки ҳаракати нақлиёт ба таври муназзам ба роҳ монда шуда, ҳолатҳои сарбории роҳҳо ва бандшавӣ коҳиш дода шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД