Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14-уми апрели соли 2026 реҷаи ягонаи фаъолияти ташкилоту объектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ муқаррар гардид.
Тибқи ин қарор, ҳамаи чунин объектҳо, новобаста аз шакли моликият, уҳдадоранд реҷаи кори худро бо тартиби нав мутобиқ намоянд. Барои ин дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр комиссияи махсус таъсис ёфтааст. Соҳибкорон метавонанд барои тасдиқи расмии реҷаи кори худ ба ин комиссия муроҷиат кунанд.

Мақомот таъкид мекунанд, ки бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва таъмини оромии шаҳрвандон, риояи реҷаи кор аз ҷониби милитсияи пойтахт мунтазам назорат карда мешавад.