Дар шаҳри Душанбе таваққуфгоҳҳои чандқабатаи мошинҳо сохта мешаванд
80

Дар шаҳри Душанбе таваққуфгоҳҳои бисёрқабата барои мошинҳо сохта мешаванд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ иттилоъ дода.

Мавсуф гуфт, ки соли 2026 дар минтақаҳои серҳаракати шаҳри Душанбе таваққуфгоҳҳои бисёрқабата барои мошинҳо бунёд карда мешаванд. Аз ҷумла дар назди бозори “Корвон” сохтмони чунин як таваққуфгоҳи бисёрошёна барои 1500 мошин дар назар дошта шудааст.

Дар идомаи суҳбат Бахтиёр Шарифӣ афзуд, ки тибқи нақша таваққуфгоҳҳо бояд на камтар аз 6-ошёна бошанд.

Соли гузашта дар паҳлуи бинои “Телевизиони Душанбе” таваққуфгоҳи замонавӣ барои 483 мошин бунёд гашта буд, ки дар он мошинҳои барқӣ низ таваққуф карда метавонанд. Дар ин таваққуфгоҳ барои электромобилҳо стансияҳои барқгиранда вуҷуд дорад.

Сохтмони чунин таваққуфгоҳҳои бисёрқабата дар дигар нуқтаҳои шаҳр низ дар назар дошта шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД