sebiston july new
Дар шумораи №20-уми ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!
2054

Дар рубрикаи “Иродаи зан” таҳти унвони “Ҳанӯз ҳам саршори ҳаяҷонам” аз зиндагинома ва фаъолияти эҷодии актрисаи маъруф Меҳрангез Гасанова мавод дарҷ гардидааст.

Сарлавҳаи рубрикаи “Назарпурсӣ” таҳти унвони “Маъшуқаи шавҳарамро шарманда кунам?” фикру ақидаи бонувонро оиди як мушкилоти хонаводагӣ, яъне хиёнати шавҳар ва маъшуқабозии мардон баён менамояд.

“Дар интизори марг” сарнавишти зане аст, ки умре барои фарзандонаш зиндагӣ карда, дар дами пирӣ бемор мешаваду фарзанду наберааш бо гумони он ки аз умраш рӯзҳои башуморе боқӣ мондааст, ҳатто ҳолу аҳволашро намепурсиданд. Пиразан дар танҳоӣ кам-кам машқҳои ҷисмонӣ карда, ба по мехезаду наздиконашро дар ҳайрат мегузорад.

“Замоне модари хушбахт будам” зиндагиномаи аввалин бонуи телефонистка аз ноҳияи Ғончӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Муаттара Ҳасанова мебошад, ки тамоми умри худро дар хизмати халқу Ватан сипарӣ намуда, пайроҳаи тайнамудааш барои насли ҷавон намунаи ибрат мебошад.

“Палонҷам кӯдаконамро аз хонаашон ронд” чунин ном дорад дардномаи зане, ки баъди таваллуд кардани фарзандони бемору маъюб ҳам аз ҷониби шавҳар ва ҳам пайвандону зани дуюми ӯ мавриди таҳқиру хушунат қарор мегирад.

Дар “Як шаби боронӣ”ду нафаре, ки дар ҷустуҷӯи муҳаббат буданд, якдигарро пайдо мекунанд, вале духтар аллакай баъди 3 рӯз тӯйи арӯсӣ дорад. Чӣ бояд кард? Ҷавони ошиқ илоҷи корро меёбаду дилдодагон ба висоли ҳамдигар мерасанд.

Дар рубрикаи “Чеҳра” мусоҳибаи рӯзноманигори ҳафтаномаро бо Наргис Касимова журналист, блогер ва ровии барномаҳои «Вместе» , «Тема дня», «Карера» дар бораи фаъолияти блогерӣ, махсусияти пешбурди блог, сатҳу сифати блогинги тоҷик, мушкилоту пешравиҳои ин соҳа ва андозсупориву нақшаҳои созандаи ояндааш мутолиа намоед.

Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати пайроҳаи эҷодии бонуи ҳунар ва ҷавону маҳбуб Ёсамин Давлатова маълумоти аҷибро мутолиа намоед.

Номаи “Одам набудаӣ” воқеӣ буда, аз як ҳодисаи ба сари муҳоҷири тоҷик омада, ки бо қалами худаш рӯи коғаз омадааст, нақл мекунад. Нигоштаи мазкур хеле ҷолиб буда, бори дигар ҳамватанонро ҳушдор месозад, ки дар мулки ғарибӣ бо ҳам тифоқ бояд бошанд.

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “Мӯйи тар-мӯйи заиф аст?” ва "9 меваю сабзавоти фоиданок барои дил” маводи тиббӣ ва маслиҳатҳои муфид оид ба асрори зебоӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.

Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” ба саволҳои хонандагон таҳти унвони "Се савол доир ба Ҳаҷ", "Расули Худо (с) чанд фарзанд дошт?", "Издивоҷи зинокор", "Ҳиҷома дар ислом равост?" ва дигар саволҳо аз ҷониби мутахассисони Раёсати фатвои Маркази исломии кишвар посух дода шудааст.

Дар рубрикаи хобнома ба саволи "Дӯзах дар хоб” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.

Дар рубрикаи “Маслиҳатхонаи муҳоҷир” ба саволҳои нафароне, ки дар қаламрави Русия қарор доранду барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон ба куҷо рафтану ба кӣ муроҷиат кардани худро намедонанд ва ниёз ба машварати ҳуқуқӣ доранд, аз ҷониби мутахассисон посухро мутолиа намоед. Ҳафтаи равон дар саҳифаи мазкур таҳти унвони “Шахсоне, ки забони русиро намедонанд, дигар ба Русия роҳ дода намешаванд“ ва “Тоҷикистон ва Русия тақдири минбаъдаи муҳоҷиронро ҳал мекунад” маводҳоро оид ба муҳоҷират ва мушкилоти он мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагон таҳти унвони “Ошиқи хира гурехт”, “Ишқ гуфта, шарманда шудам ”, "Бо амри шавҳар исқоти ҳамл кардаму...” дарҷ гардидааст.

Ин ва дигар матолиби ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД