toyota motors
Дар Шуғнон 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
05.06.2026
Oila.tj
110

Дар деҳаи Шитами ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони мевадиҳанда бунёд гардидааст. Дар боғ зиёда аз 4000 бех ниҳоли мевадиҳанда, аз ҷумла себу зардолу шинонида шудааст.

Бино ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон, дар маъракаи ниҳолшинонӣ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иброз доштааст, ки «дар мамлакат «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» амалӣ шуда истодааст. Боғпарварони вилоят бояд дар амалӣ намудани ин барнома саҳми арзанда гузоранд. Дар ин замина, мақсад гузоштаем, ки аз ҳисоби заминҳои бекорхобида майдони боғотро дар ҳудуди вилоят васеъ гардонем».

Гуфта мешавад, ки соли 2025 низ дар ин мавзеъ боғ бунёд гардида, ниҳоли дарахтони зардолу, шафтолу, олу, олуболу, нок, гелос, себҳои қадпасту миёнақад ва ниҳоли чормағзи ҳамелӣ шинонида шудааст. Айни замон нисфи ниҳолҳои шинонида нашъунамои хуб доранд. Дар байни қатори ниҳоли дарахтони боғ картошка, сабзӣ, ҷуворимакка ва дигар зироати ба иқлими минтақа мутобиқ парвариш меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД