goodwell
Дар тамоми корхонаҳои Тоҷикистон ҳар саҳар машқҳои пагоҳирӯзии варзишӣ гузаронида мешаванд
19.06.2026
Оила
42

 

Бо мақсади пешгирии фарбеҳӣ дар тамоми корхонаҳои давлатӣ ва хусусии Тоҷикистон барои кормандон ҳамарӯза 20 дақиқа машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд.

Тасмими мазкур дар асоси банди нав, ки ба Кодекси тандурустии Тоҷикистон илова карда шудааст, гирифта шуд. Ба ҳуҷҷати мазкур президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17-уми июн имзо гузоштанд.

Роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва ширкату корхонаҳои хусусӣ вазифадор карда шудаанд, ки барои баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ шароитҳои заруриро фароҳам оварда, иштироки коркандонашонро зери назорат гиранд ва шахсан худашон низ дар ин машқҳо иштирок намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД