Дар таркиби ғизои кӯдаконаи Nestle як моддаи заҳрнокро ошкор кардаанд
274

Дар Қазоқистон ғизои кӯдаконаи Nestle ба таври фаврӣ аз рафи мағозаҳо ҷамъоварӣ карда мешавад. Дар ин бора Литер.кз бо истинод ба КТК хабар додааст.

Худи ширкати Nestle дастур додааст, ки ғизои машҳури кӯдаконаи Nestle аз рафти мағозаҳо фавран бозпас гирифта шавад, зеро дар таркиби он як моддаи кимиёвии заҳрнокро пайдо кардаанд.

Цереулид - токсинҳои хатарноки ғизоӣ дар чанд намуди ғизои кӯдаконаи Nestle ошкор карда шудааст. Гуфта мешавад, ки ин моддаи заҳрнок ҳатто бо ҷӯшонидан нобуд намешавад ва дар сурати дастури омодасозии ғизоро ба таври қатъӣ риоя кардан низ, хатари зиён расонидани ғизо ба саломатии кӯдакон боқӣ мемонад.

Аломатҳои заҳролудшавӣ, аз қабили дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва шикамравии шадид пас аз истеъмоли ин ғизо дар кӯдакон ба зудӣ пайдо шуда, волидонро дар ташвиш гузошта метавонад.

Ширкат изҳор доштааст, ки бактерияҳо дар ашёи хом, ки барои истеҳсоли ғизои кӯдакона истифода мешавад, ошкор карда шудааст. Аз ҳамин сабаб ширкати Nestlе ихтиёран тасмим гирифтааст, ки баъзе маҳсулоти худро аз рафти мағозаҳо бозпас гирад.

Сарусадоҳо дар бораи зарарнок будани ғизои кӯдаконаи Nestle дар Аврупо ҳанӯз моҳи декабри соли 2025 пайдо шуда, дар чанд кишвар, аз ҷумла Олмон, Австрия, Дания, Финландия, Италия, Фаронса ва Британияи Кабир ғизои кӯдаконаи Nestle аз рафти мағозаҳо бардошта шуд. Баъдан Русия низ фурӯши ин ғизоро манъ кард.

Аммо намояндагони ширкати швейтсарӣ исрор меварзанд, ки ягон ҳолати тасдиқшудаи беморӣ ё аломатҳои беморӣ пас аз истеъмоли ғизои кӯдаконаи Nestle то ба имрӯз ошкор карда нашудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД