Дар Теҳрон маҳфили «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» баргузор гардид
08.01.2026
Oila.tj
108

Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Эрон, дар шаҳри Теҳрон бо ташаббус ва ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Эрон ва дар ҳамкорӣ бо Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ ва «Бунёди Рӯдакӣ»-и Эрон ба хотири бузургдошти Одамушшуаро Рӯдакӣ маҳфили бузурдошт таҳти унвони «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» доир гардид.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ зимни суханронӣ Рӯдакӣ ва рӯдакишиносиро яке аз муҳимтарин меҳварҳои ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон маънидод карда, пешниҳод намуд, ки ашъори Рӯдакӣ тавассути талошҳои муштараки донишмандони ду кишвар таҳия гардад.

Раиси Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Эрон Маҳмуд Шолуӣ Рӯдакиро эҷодгари пайванди амиқи дилҳо тавсиф карда, иброз намуд, ки он самимият имрӯз миёни Эрону Тоҷикистон бараъло мушоҳида мешавад.

Шоири барҷастаи Эрон Муртазо Амирии Исфандақа таассуроти худро роҷеъ ба Тоҷикистон бо қироати шеъре баён карда, афзуд, ки «тоҷикон эҳтироми амиқ ба шеъру шоирон доранд ва ин нишон медиҳад, ки Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигарон на танҳо номҳои таърихӣ ҳастанд, балки то ҳол дар зиндагии ҳаррӯзаи мардуми он сарзамин ҳузур доранд».

Дар анҷоми ҳамоиш гурӯҳи ҳунармандони «Бунёди Рӯдакӣ» бар ашъори Рӯдакӣ барномаи мусиқиро тақдими ҷамъомадагон карданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД