Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз фаро расидани чанд рӯзи хокбориш ва баландшавии олудагии ҳаво дар кишвар ҳушдор дод.
Бино ба иттилои ин ниҳод, аз 15 то 18-уми апрел дар минтақаҳои гуногун шароити номусоиди обу ҳаво пешбинӣ мешавад. Аз ҷумла, рӯзҳои 15-16-уми апрел дар ҷанубу маркази вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе, инчунин рӯзҳои 17-18-уми апрел дар вилояти Суғд хокбориш ба қайд гирифта мешавад.
Гуфта мешавад, ки ҷараёни хокбориш аз самтҳои ҷанубу ғарбӣ ва шимолу ғарбӣ ба қаламрави кишвар ворид шуда, метавонад сатҳи ифлосшавии ҳаворо ба таври назаррас баланд бардорад.
Ба сокинон тавсия дода шудааст, ки дар ин рӯзҳо аз гаштугузори зиёд дар кӯчаҳо, махсусан дар наздикии роҳҳои серҳаракат худдорӣ намуда, чораҳои эҳтиётиро риоя кунанд.