Бино ба пешгӯии ҳавошиносон, моҳи июни соли 2026 дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон ҳаво гарм ва хушк хоҳад буд. Дар баробари болоравии ҳарорат, баъзе рӯзҳо боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ низ пешбинӣ мегардад.
Дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона то +37…+42°C мерасад ва дар ҷануби кишвар дар баъзе рӯзҳо метавонад то +45°C боло равад.
Дар вилояти Суғд низ ҳаво гарм шуда, ҳарорат дар водиҳо то +35…+40°C мерасад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад, ҳаво нисбатан салқин боқӣ мемонад.
Дар минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ ва ВМКБ ҳарорати миёна аз +10 то +23°C пешбинӣ шудааст. Дар баъзе рӯзҳо боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд.
Ҳамчунин, дар як қатор минтақаҳо шамоли сахти то 17-22 м/с пешбинӣ шуда, эҳтимоли ғубор вуҷуд дорад.