formula
Дар Тоҷикистон беш аз 300 ширкати русӣ фаъолият дорад
318

Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Русия дар семоҳаи аввали соли 2023 наздик ба 13% афзоиш ёфта, тамоюли устувори болоравиро дорад. Дар ин хусус муовини Сарвазири Щукумати  Россия Марат Хуснуллин дар мулоқот бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Душанбе хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми сармоягузориҳои ҷамъшудаи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон 130 миллиард рублро ташкил дода, дар бозори ҷумҳурӣ беш аз 300 ширкат бо иштироки Русия фаъолият мекунанд, - навиштааст хабаргузории ТАСС.

Мо ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ самимона манфиатдорем”, - иброз доштааст муовини Сарвазири Русия.

Дар навбати худ Қоҳир Расулзода қайд кард, ки самтҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар тиҷорат, саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва маориф мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки муовини Сарвазири Русия рӯзи 19-уми июн ба Душанбе омада, бо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид кард. Дар ҷараёни мулоқот дурнамои равобити иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД