Бино ба иттилои Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои кишвар, дар Тоҷикистон соати 02:14-и 9-уми январ заминларза ба вуқуъ пайваст.
Маркази заминҷунбӣ дар 61-километрии ноҳияи Мурғоб, дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон будааст. Ларзиши замин дар маркази он 5,3 дараҷаро ташкил додааст. Заминларза дар Афғонистон, Чин ва Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Маълум нест, ки дар дигар минтақаҳо бузургии заминларза чанд дараҷа будааст.
Сокинон аз шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки ларзиши заминро эҳсос кардаанд.