Дар Тоҷикистон имсол чанд роҳ ва пули нав сохта мешавад?
111

Дар соли 2026 дар Тоҷикистон сохтмони зиёда аз 300 километр роҳҳои мошингарди таъиноти байналмилалӣ ба маблағи 3 млрд сомонӣ дар назар дошта шудааст.

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми худ ба парлумони кишвар иброз доштанд, дар соли 2026 дар Тоҷикистон роҳҳои зерин сохта мешаванд:

Хоруғ - Роштқалъа - 39 км

Мурғоб - Кулма - 67 км

Балҷувон - Сарихосор - 55 км

Хистеварз - Конибодом - 10 км

Ваҳдат - Обигарм - 70 км

Гулистон - Кӯлоб - 33 км

Дар баробари ин, сохтмони 11 километр роҳҳои убуркунандаи шаҳри Кӯлоб ба нақша гирифта шудааст. Дар роҳи Лабиҷар - Сангвор бошад, 5 пули мошингузар сохта мешаванд, ки ба қатори ҳамин лоиҳаҳои сохтмонӣ шомиланд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД