formula55
Дар Тоҷикистон маош 40% ва нафақа 30% зиёд мешавад!
620

 Тавре ки имрӯз, 28 –уми декабр Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд, аз 1-июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияи донишҷӯён 40 фоиз зиёд карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуда, нафақаҳои суғуртавии меҳнатӣ, инчунин иловапулии онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраргардидаашон зиёд мегардад. Бо дастури сарвари давлат аллакай аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони дигари ин сохтор 40 фоиз зиёд карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД