formula
Дар Тоҷикобод барои ятимон ва камбизоатон хона месозанд
192

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои 60 оилаи ятиму камбизоат манзили зист месозад. Дар ин бора Мустаони Ваҳҳобзода, раиси маҳаллаи Сафедмун ба Oila.tj иттилоъ дод.

Манбаъ гуфт, дар доираи иқдоми мазкур ба ифтихори ҷашни Истиқлоли давлатии кишвар 60 манзили зист бунёд ёфта ба оилаҳои ниёзманд туҳфа карда мешаванд.

"Ҳамаи хонаҳо дар асоси як тарҳ бунёд шуда, аз 3 ҳуҷра ва утоқҳои маишӣ иборатанд. Айни ҳол, тақрибан 50 фисади корҳо анҷом ёфта, насби бомпӯш, дару тиреза ва рангу бор боқӣ мондааст", гуфт Ваҳҳобзода.

Қайд гардид, ки манзилҳои зист дар ҳудуди деҳаи Сафедмуни ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби об сохта шуда, дар ин ҷо ба ғайр аз хонаҳои истиқоматӣ дигар инфрасохтори зарурӣ низ бунёд мегарданд.

"Дар ин ҷо мактаб, бунгоҳи тиббӣ, маркази ҷавонон ва як корхонаи истеҳсолӣ бунёд мегардад. Дар коргоҳи мазкур сокинони ҳамин шаҳрак ба кори доимӣ ҷалб карда мешаванд. Ҳаҷми заминҳои наздиҳавлигӣ 0, 05 га ҷудо шудаанд",-гуфт Ваҳҳобзода.

Мустаони Ваҳҳобзода, роҳбари маҳаллаи мазкур, гуфт, соҳибони манзилҳо аллакай аниқ буда, онҳо бо пешниҳоди шӯрои деҳаҳо аз ҳисоби оилаҳои камбизот, афроди ятим ва оилаҳое, ки манзилҳояшон дар натиҷаи омадани сел тахриб шудаанд, интихоб гардидаанд. Аз ҳар як деҳа 2 оила ба мақомоти иҷроия пешниҳод шуда, феҳристи онҳо мавҷуд аст.

Ҳамзамон, ба ҳар як оила ҳамчун кӯмак чорвои калони шохдор дода шуда, онҳоро минбаъд низ бо тадриҷ дастгирӣ карда меистанд, то ин ки дар оянда чун сокинони шаҳраки замонавӣ истиқомат намоянд.

Ваҳҳобзода зикр кард, ки анҷоми сохтмон соли 2024 дар нақша буда, дар арафаи таҷлил аз ҷашни Истиқлоли давлатӣ манзилҳои нав ба соҳибонашон дар вазъи тантанавӣ тақдим мегарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД