toyota motors
Дар Тоҷикобод озмуни “Кадбонуи беҳтарин” баргузор гашт
48

Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оила дар ноҳия Тоҷикобод даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии "Кадбонуи беҳтарин" баргузор гашт.

Дар озмун кадбонуҳои моҳири минтақаи Рашт ширкат варзида, маҳорати дӯзандагӣ, пазандагӣ, дастурхонороӣ ва дигар ҳунару истеъдодҳои худро нишон доданд ва аз рӯйи шартҳои озмун байни ҳамдигар рақобат намуданд.

Ғолибон сазовори Сипоснома ва туҳфаҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштанд. Илова бар ин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ғолибони даври ноҳиявии озмунро бо дипломи дараҷаи 1, 2, 3 ва туҳфаҳои раиси ноҳия қадрдонӣ кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД