formula55
Дар Тюмен таксиронӣ ба муҳоҷирон манъ шуд!
1589


Ба ширкатҳои нақлиётии вилояти Тюмени Русия то 1-уми марти соли 2022 мӯҳлат дода шудааст, ки тибқи талаботи нав амал намуда, муҳоҷирони меҳнатиеро, ки ба сифати таксист ё ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ кор мекунанд, ихтисор намоянд. 

Александар Мур, шаҳрдори вилоят фармонеро имзо намудааст, ки тибқи он ба шаҳрвандони хориҷие, ки бо патент кор мекунанд, минбаъд барои фаъолият дар нақлиёти мусофирбарии шаҳриву наздишаҳрӣ, таксиронӣ ва идораи мошинҳои боркаш иҷозат дода намешавад.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтае қабл Ханти-Мансийск ҳам чунин тасмимро роҳандозӣ намуд ва шурӯъ аз оғози соли нав дигар таксирониро ба муҳоҷирон иҷозат намедиҳад.
Қонунҳои маҳдудкунанда дар ё он соҳа дар Русия нисбати муҳоҷирон торафт бештар гашта истодаанд. Яке аз сабабҳои афзоиши чунин қонунҳо дар афзудани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар баъзе минтақаҳои Русия мебошад, масалан танҳо дар ҳафт моҳи соли 2021 беш аз 31 ҳазор нафар хориҷиён ба Тюмен куч бастаанд.

Ин қарор дар ҳолест, ки ҳазорҳо муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба таксиронӣ машғуланд. Дар гузашта беш аз 40 дар сади ронандагони нақлиёти мусофирбар ва боркашро дар Русияро муҳоҷирон, аз ҷумла тоҷикон ташкил медоданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД