Дар вилояти Хатлон маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз шуд
13.12.2025
Oila.tj
65

Бо иштироки роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон маъракаи ниҳолшинонӣ дар қисмати ҷанубии мамлакат оғоз гардид.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маросими ибтидоии ин иқдом дар деҳаи Даҳанаи ҷамоати деҳоти Ғаллаобод ва шаҳраки Хуррамшаҳри ноҳияи Хуросон сурат гирифт.

Зимни вохӯрӣ бо аҳолӣ қайд гардид, ки дар шароити тағйирёбии иқлим, аз ҷумла гармшавии глобалӣ, камобӣ ва афзоиши хавфи офатҳои табиӣ, ниҳолшинонӣ яке аз роҳҳои муассири ҳифзи табиат, кам кардани таъсироти номатлуб ва таъмини устувории экосистемаҳо ба ҳисоб меравад. Ин амал на танҳо муҳити атрофро солим мегардонад, балки ба ҳусни зебои маҳал ва беҳсозии шароити зиндагии сокинон мусоидат мекунад.

Дар доираи ин маърака зиёда аз 1000 бех дарахтони ҳамешасабзу сояафкан шинонида шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД