formula
Дараи Алмосии Ҳисор: Падари ду фарзанд худро дар шохи дӯлона ба дор овехт ё…?
01.07.2019
Р. Азимӣ
4910

Субҳи имрӯз ҷасади як ҷавонмарди 29-солаи Ҳисориро аз мавзеи Дашти зиракии Дараи Алмосӣ пайдо намуданд. Мард дар шохи дарахти дӯлона худро ба дор овехтааст.

Маълум гашт, ки марҳум Алишер ном дошта, аз деҳаи Алмосии ҷамоати Хонақоҳи Қӯҳии Ҳисор будааст.

Алишер падари се фарзанд буда, дар бозори Ҷалҷами пойтахт ба сифати савдогар фаъолият дошт. Пас аз марги пурмуаммои ин ҷавонмарди ҳисорӣ дар байни мардум овозае паҳн гаштааст, ки гӯё Алишерро душманонаш зӯран ба мавзеи зиракӣ бурда, дар шохи дарахти дӯлона ба дор овехта бошанд.

“Ҳангоми ҷаноза модари зори Алишер рӯю мӯяшро канда, бо тамоми овоз нола мекард, ки ӯ бо азобҳои алим фарзандашро ба камол расонду писари беозорашро, ки ба касею чизе кор надошт, кадом бераҳме дар як лаҳза аз ҳаёт маҳрум сохтааст...” қисса мекунанд шоҳидон.

Айни замон тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад ва маълум нест, ки овозаҳо дар бораи марги ин ҷавонмарди ноком то куҷо ба ҳақиқат наздиканд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД