sebiston july new
Даргузашти боз як фарзанди Мирзо Турсунзода
637

Масъуд Турсунзода, писари калонии шоири шинохта ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе даргузашт. Дар ин бора наздиконаш хабар доданд.

Ба таъкиди хешовандони ӯ, писари Турсунзода чанд соли охир мубталои бемории қанд буд.

Мирзо Турсунзода се фарзанд дошт: Фирӯза, Масъуд ва Парвиз. Парвиз Турсунзода, писари хурдии шоир, ду сол қабл бар асари сактаи қалб фавтид. Масъуд фарзанди дуюми шоир буд ва чанд соли охир ба ҳайси директори Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе кор мекард.

Ҳеҷ яке аз фарзандони шоир бо пайроҳаи падар нарафтанд. Фирӯза фалсафаро интихоб кард, Парвиз шарқшинос шуд ва Масъуд аввал муаллим буду аз фанҳои техникӣ дарс мегуфт.

Ба нақли ӯ, боре Масуд дар кӯдакӣ бо забони русӣ шеър навишт. Ӯ шеърро, ки ҳатто дар рӯзномаи “Пионерская правда” нашр шуда буд, ба падараш нишон дод.

“Ба забони русӣ ба ин хотир навиштам, ки дар мактаби русӣ таҳсил мекардам. Падарам шеъри маро хонданду гуфтанд, бирав, ин навиштаатро ба касе нишон деҳ, ки туро ба мактаби русӣ бурдааст. Маро ба мактаби русӣ Боқӣ Раҳимзода бурда буданд. Зеро, падарам он замон дар Ҳиндустон буданд. Хулоса, падарам гуфтанд, ки шоирӣ накуну муҳандиси хубе бишав. Ту бештар ташнаи илмҳои дақиқ ва техникӣ ҳастӣ ва аз ин рӯ, беҳтар аст муҳандиси хуб будан нисбат ба шоири бад”. Ва ман бо ӯ комилан розӣ шудам. Ҳарчанде ки то ҳол барои дӯстон шеър менависам”, - ба ёд оварда буд зимни як мусоҳибааш Масъуд.

Аз фарзандони Мирзо Турсунзода ҳамакнун Фирӯза Турсунзода дар қайди ҳаёт аст, ки чун файласуф маъруф аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД